Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҷаводи Увҷи вазири нефти Эрон дар ҳошияи нишасти баррасии тарҳҳои майдонҳои муштараки нефту газ дар бораи майдони гази Ораш гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора аз ҳалуфасли дустонаи масоили марзи ва дарёӣ бо ҳамсоягон пуштибони мекунад.
Вазири нефти Эрон афзуд: Дар бораи баҳрабардори аз майдонҳои муштараки нефту газ ҳамеша роҳи музокира ва тафоҳум бо ҳамсоягонро дар пеш гирифтаем дар бораи майдони Ораш низ Эрон хоҳони баҳрабардории якпорча ва муштарак аст.
Увҷи ҳамчунин гуфт: Чунончи тамоюли ба тафоҳум ва ҳамкори вуҷуд надошта бошад Эрон таъмини ҳуқуқ ва манофе ва баҳрабардори ва кашф аз манобеъи ёдшударо дар барнома қарор медиҳад ва ҳаргуна тазиъи ҳуқуқи худро бар наметобад.
342/